Фильмы
ТВ
Сериалы
Актеры
Тесты
Фото
Видео
Прямой эфир ТВ

Мақоми панҷуми Темур Раҳимов дар «Мастерси» Доҳа

Мақоми панҷуми Темур Раҳимов дар «Мастерси» Доҳа
Фото: Sports.tjSports.tj
«Doha Masters 2021» ба поён расид. Дар охирин рӯзи рақобатҳо паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов (+100 kg) ҳунарнамоӣ намуда дар аввалин рақобаташ ҷудокори Австрия – Штефан Хегиро дар «голден–скор» бо иҷрои «окури–аши» шикаст дод.
ДУШАНБЕ, январ – SPORTS.tj. Дар даври дуюм ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Рио-2016 – варзишгари Исроил – Ор Сассонро дар вақти изофӣ бо «осои-коми» шикаст дода ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин марҳила ӯ бо варзишгари рус – ба татами баромад. Бо вуҷуди талошҳои зиёд Темур натавонист бар ин ҳарифаш дастболо гардад. Ҷудокори рус дар «голден-скор» имтиёзи вазари касб карда роҳи варзишгари тоҷикро ба марҳилаи ниманиҳоӣ баст.
Дар даври тасаллобахш Темур аз як ҳолати мусоид истифода бурда, ҳарифи худ – Ким Минёнгро (Корея) дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.
Ҳамин тариқ барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ Темур Раҳимов бо дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон-2015, ғолиби чемпионати ҷаҳон-2016 миёни ҷавонон, намояндаи Украина – рӯ ба рӯ шуд.
Мутаасифона дар ин рақобати ҳалкунанда Темур Раҳимов бо дарёфти вазари шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Тибқи низомномаи мусобиқаи «Мастерс» ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки дар мусобиқаи имсолаи “Мастерс”, ки тули се рӯз дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дошт, Тоҷикистонро ду ҷудочии дигар – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг намояндагӣ карданд. Аммо ҳарду варзишгари мо дар вохӯриҳои аввали худ дучори бохт гардиданд.